Category Archives: Рашт

Конуни руи «когаз» -монда


Ин навбат танхо мехохам бо гузоштани чанд суоле иктифо кунам то бидонам ва бидонем,ки мардум ба ин гуна суолоти матрахнамудаи мо бо чи диде ва бо чи бинише менигаранд. Бубинед Конунхои кишвар албатта заминаи хукуки барои озодии баён ва фаолияти матбуоти мустакилро албатта фарохам овардаанд (яьне танхо дар руи когази «сафед»), аммо макомоти кишвари мо гуи дар ичрои ин бандхо ва нукоти конуни асоси монеа эчод мекунанд ва намегузоранд то ин расонахо озодона фаолият бубаранд ва аз хаводису авзои кишвари худ иттилоь бидиханд. Мо агар сарконуни кишварро боз намоем, ин бандро яьне банди 30-ро хохем дид, ки дар бобати озодихои шахрвандон чунин мегуяд, ки хар шахрванд хукуки озодонаи дастраси ба иттилоотро дорад ва сензура барои интикод мамнуь аст. Аммо оё ин банд риоя мешавад? Вокеан ин банди конун баёнгари демократи будани кишвар аст, вале ба хеч вачх наметавон ин бандро амалан дар фазои матбуоти ва хам чомеаи кишвар пиёда дид… Читать далее

Ручуи Ватандор


Нихоят пас аз  хомушихо, таваккуфхо ва истхои тулони пойгохи Ватандор бо эъломи як мурочиатнома аз худ ба таври ошкоро хабар дод. Дустони азиз он гуна,ки дар чараён хастанд, Садокат дар навиштахои собики худ дар мавриди ин пойгох харфе зада буд ва ангор Ватандор харфи моро шунида,ки билофосила бо нашри мурочиатномае ба кулли мардуми шарифи кишвар дубора ранги сабзи хешро намудро карда аст. Бале Додочони Атовуллох рохбари ин пойгох бо интишори мурочиатномае хукумати имрузи раисчумхури кишвар Эмомали Рахмонро зери тозиёнаи интикод  карор дода мардумро ба суи сарзамини Асолату Хакикату Садокат мехонад. Читать далее

Дар орзуи сулх


Чи сахт аст, барои раштихо ки наметавонанд озодона дар кучаву хиёбонхои махалли хеш имрузхо гом бардоранд. Чи сахт аст барои модарони рашти, ки аз марги фарзандони рафтаи худ хун мегирянд ва чи сахт аст, ки окибат аз ин холат иддае хонабадушу зиндачудо бишаванд. Ва чи дахшатовар аст барои кулли чомеаи кишвари азизи ман дар чунин холат будан ва шохиди кушташудани даххо тан аз миллати худ шудан… Читать далее