Category Archives: «Пайкон»

Конуни руи «когаз» -монда


Ин навбат танхо мехохам бо гузоштани чанд суоле иктифо кунам то бидонам ва бидонем,ки мардум ба ин гуна суолоти матрахнамудаи мо бо чи диде ва бо чи бинише менигаранд. Бубинед Конунхои кишвар албатта заминаи хукуки барои озодии баён ва фаолияти матбуоти мустакилро албатта фарохам овардаанд (яьне танхо дар руи когази «сафед»), аммо макомоти кишвари мо гуи дар ичрои ин бандхо ва нукоти конуни асоси монеа эчод мекунанд ва намегузоранд то ин расонахо озодона фаолият бубаранд ва аз хаводису авзои кишвари худ иттилоь бидиханд. Мо агар сарконуни кишварро боз намоем, ин бандро яьне банди 30-ро хохем дид, ки дар бобати озодихои шахрвандон чунин мегуяд, ки хар шахрванд хукуки озодонаи дастраси ба иттилоотро дорад ва сензура барои интикод мамнуь аст. Аммо оё ин банд риоя мешавад? Вокеан ин банди конун баёнгари демократи будани кишвар аст, вале ба хеч вачх наметавон ин бандро амалан дар фазои матбуоти ва хам чомеаи кишвар пиёда дид… Читать далее