Category Archives: Истиклолият

Милоди «Уструшана»


Ахиран сомонаи наве тахти унвони Оҷонсии хабарии «Уструшана» дар фазои иттилоотрасонии Интернет бо забони точики шуруь ба кор кард.Хамон гуна ки рохбари ин пойгох Ботур Косими навиштааст, хадаф аз таьсиси чунин пойгохе аввалан пешкаш намудани хабару тахлилхои мухим оид ба Точикистон ки дар шабакахои чахонии Интернет асосан бо забони инглиси ё гайр пахш мешаванд, мебошад, сониян ин пойгохро омиле бар густариш додани фазои дастрасии мардуми точик бо ахбору акоиди гуногун ва рахои аз бунбасти иттилооти медонад.Дар идомаи ин хадаф Ботур Косими меафзояд:

Ҳадафи мо пешниҳоди фазои тоза ва новобаста аз маводҳои расонаҳои давлатӣ, тобеъи ҳукумат буда ва ё сарпарасти хориҷӣ дошта аст. Умедворем, ки фаъолияти ин сомона ба ташаккули андешаи озод ва мустақил дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард ва сафи рушанфикрону ҷавонони худшиноси Ватандуст ва ростпарварро афзун хоҳад намуд.

Аз хамаи дустон чихати боздид аз ин пойгох даьват ба амал оварда ва ба дусти арчманди мо Ботур Косими дар ин масир муваффакият орзу мекунем.
Бо умеди ояндаи сабз!
Садокат

Реклама

Конуни руи «когаз» -монда


Ин навбат танхо мехохам бо гузоштани чанд суоле иктифо кунам то бидонам ва бидонем,ки мардум ба ин гуна суолоти матрахнамудаи мо бо чи диде ва бо чи бинише менигаранд. Бубинед Конунхои кишвар албатта заминаи хукуки барои озодии баён ва фаолияти матбуоти мустакилро албатта фарохам овардаанд (яьне танхо дар руи когази «сафед»), аммо макомоти кишвари мо гуи дар ичрои ин бандхо ва нукоти конуни асоси монеа эчод мекунанд ва намегузоранд то ин расонахо озодона фаолият бубаранд ва аз хаводису авзои кишвари худ иттилоь бидиханд. Мо агар сарконуни кишварро боз намоем, ин бандро яьне банди 30-ро хохем дид, ки дар бобати озодихои шахрвандон чунин мегуяд, ки хар шахрванд хукуки озодонаи дастраси ба иттилоотро дорад ва сензура барои интикод мамнуь аст. Аммо оё ин банд риоя мешавад? Вокеан ин банди конун баёнгари демократи будани кишвар аст, вале ба хеч вачх наметавон ин бандро амалан дар фазои матбуоти ва хам чомеаи кишвар пиёда дид… Читать далее

Дар орзуи сулх


Чи сахт аст, барои раштихо ки наметавонанд озодона дар кучаву хиёбонхои махалли хеш имрузхо гом бардоранд. Чи сахт аст барои модарони рашти, ки аз марги фарзандони рафтаи худ хун мегирянд ва чи сахт аст, ки окибат аз ин холат иддае хонабадушу зиндачудо бишаванд. Ва чи дахшатовар аст барои кулли чомеаи кишвари азизи ман дар чунин холат будан ва шохиди кушташудани даххо тан аз миллати худ шудан… Читать далее

Чаноби оли кахрамони ТВ-хо


Акс аз "Озоди"

Инак пас аз чанд рузе дар кишвари Точикистон руйдоди мухиму таьрихи ва фархангиро мардум чашн мегиранд.Руйдоде,ки мардумро ба оянда шояд андаке дилгарм намояд.Оре, ин чашнвора чашни 19-умин солгарди Истиклолияти кишвари азизам Точикистон аст. Кишваре, ки солхои сол аз доманаш чудоям, кишваре, ки солхои сол маро боре ёд накарда, аммо ёдаш хамеша дар калби ман чуш мезанад ва мехраш маро ба ояндаи «рузе хохам омад» гарм мекунад. Читать далее