Конуни руи «когаз» -монда


Ин навбат танхо мехохам бо гузоштани чанд суоле иктифо кунам то бидонам ва бидонем,ки мардум ба ин гуна суолоти матрахнамудаи мо бо чи диде ва бо чи бинише менигаранд. Бубинед Конунхои кишвар албатта заминаи хукуки барои озодии баён ва фаолияти матбуоти мустакилро албатта фарохам овардаанд (яьне танхо дар руи когази «сафед»), аммо макомоти кишвари мо гуи дар ичрои ин бандхо ва нукоти конуни асоси монеа эчод мекунанд ва намегузоранд то ин расонахо озодона фаолият бубаранд ва аз хаводису авзои кишвари худ иттилоь бидиханд. Мо агар сарконуни кишварро боз намоем, ин бандро яьне банди 30-ро хохем дид, ки дар бобати озодихои шахрвандон чунин мегуяд, ки хар шахрванд хукуки озодонаи дастраси ба иттилоотро дорад ва сензура барои интикод мамнуь аст. Аммо оё ин банд риоя мешавад? Вокеан ин банди конун баёнгари демократи будани кишвар аст, вале ба хеч вачх наметавон ин бандро амалан дар фазои матбуоти ва хам чомеаи кишвар пиёда дид… Гувохи ин иддао махдудсозии матбуот ва масдуд кардани бархе аз сомонахои мустакили ин кишвар аст. Имруз дар кишвари дорои Сарконун ва он хам «демократи» рузноманигоре наметавонад озодона ва мустакилона рочеь ба ин ё он камбуди вузарову руасову кубаро матлабе нигорад, агар хам навишт, хатман мавриди «эхтиром» карор мегирад.
Хуб, он гуна ки хама дар чараён хастем, се нашрияи мустакили кишвар« Фараж», «Пайкон», ва «Нигох» чандест,ки мунташир намешаванд.Ва аз ин падидаи пешомада масьулини ин нашрияхо нигаронанд, хуб холо аз шумо хонандагони арчманд даьват менамоям то ба ин чанд суол посухи худро бинависед.

1) Оё ин хама ходисахои фишор ба расонахои мустакил дар Точикистон ва махдуд шудани дастрасии мардум ба васоити ахбори омма дар ин кишварро чи гуна арзёби мекунед?
2) Дар холе, ки Сарконуни кишвар озодии баён ва мустакилияти расонахо дар ин кишварро кафолат медихад ва тайид мекунад, оё ин гуна махдудсози аз тарафи хукумати кишварро (агар вокеан чунин бошад) чи гуна арзёби мекунед?
3) Оё хамин тахаввулоти ахир дар Точикистон аз чумла махдуд шудани дастраси ба 5 расонахо ва масдуд кардани онхо аз чониби хукумати кишварро чи гуна арзёби мекунед?
5) Оё Шумо фикр мекунед иллати нашр нашудани нашрияхои мустакиле чун – “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” мушкили фанни доранд?
6) Ба фикри шумо дар чунин холати дахонбанди аз чониби хукумати кишвар чи икдомеро бояд гирифт?
7) Агар шумо яке аз сохибони ин аншрияхо мебудед, чи икдоме ва ё амалиёте пеш мегирифтед?
8) Оё ба андешаи шумо тархи конун дар бораи матбуот ва васоти ахбори умум ниёзе ба тагйиру иловахо дорад?
9) Лутфан ба таври умуми андешаи худро дар мавриди авзои ахири кишвар руи расонахои мустакил манзури мо гардонед.

Post a comment or leave a trackback: Trackback URL.

Комментарии

  • Khonanda  On 6 ноября, 2010 at 4:48 дп

    ozodi nest, dar yagon samt nest, ya’ne nameguzorand,ki ozodona zist, harf zad, gasht, va hatto nafas kashid…

  • Аслиддин  On 6 ноября, 2010 at 4:49 дп

    Лаънат ба ин хукумати Рахмон, дар Сарконуни Точикистон манфиатхои шахрвандон ба хеч шевае риоят намешаванд ва мохияти демократи будани ин кишварро тайид намекунад.
    Ба андешаи ман озодии матбуот дар кишвар вучуд надорад ва рузноманигорон наметавонанд озодона харф бизананд.

  • маҳдӣ  On 7 ноября, 2010 at 11:42 дп

    salom va doryd
    muhimtaren mushkeli mo millatho nabudi ozodei matbuot va rasoniho act ki az rushdi ogohie millat jalugeri mekunad …
    avvalen ghadam baroyi rasidan bi democracy ogohiyi mardum act.
    dar iran hamon nimband konuni asosi dar mavridi ozode ba ijro dar nameoyad …

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: