Ручуи Ватандор


Нихоят пас аз  хомушихо, таваккуфхо ва истхои тулони пойгохи Ватандор бо эъломи як мурочиатнома аз худ ба таври ошкоро хабар дод. Дустони азиз он гуна,ки дар чараён хастанд, Садокат дар навиштахои собики худ дар мавриди ин пойгох харфе зада буд ва ангор Ватандор харфи моро шунида,ки билофосила бо нашри мурочиатномае ба кулли мардуми шарифи кишвар дубора ранги сабзи хешро намудро карда аст. Бале Додочони Атовуллох рохбари ин пойгох бо интишори мурочиатномае хукумати имрузи раисчумхури кишвар Эмомали Рахмонро зери тозиёнаи интикод  карор дода мардумро ба суи сарзамини Асолату Хакикату Садокат мехонад. Аз чумла дар хитобааш ба аскарон ва хидматчиён чунин сатрхоро аз забони у мехонем:

«Шумоён низ аз ҳақиқати ҳол куллан бохабаред. Медонед, ки аз ҳукумате ҳимоят мекунед, ки шуморо дар рӯзи тангатон ёрӣ карда наметавонад. Медонед, ки маҷбуран силоҳ ба даст гирифта, дар сангару кӯҳҳо хазидаву ҷаҳида гуруснаву лабташна алайҳи ҲАҚИҚАТ ҷангида истодаед. Яқин аст, ки вазифаи муқаддаси шумо ҳимояи Ватан аз душманону ғосибон аст. Аммо рӯшантар бидонед, ки душманони Шумо дар қасру кушкҳо қарор доранд ва шуморо чун тубе дар бозии футболи сиёсиашон истифода мебаранд. Агар ҳақиқати ҳол ба Ватан хидмат кардан хоҳед ба ҷониби муқобил гузареду ҳамдастону хзамдостон шавед ва алайҳи ин подаи бузбонзодагону ғулом ибни ғулом ибни ғуломон мубориза баред. Дар он сурат вазифаи муқаддаси шумо-ҲИМОЯИ ВАТАН иҷро хоҳад шуд.»

Ватандор бо марому азму чазми устувор ва мондагор хануз даст аз домани Озоди,Хакикат,Адолат рахо кардани нест ва хамоно мардуми хешро ба суи рушнои, озоди,ободи даъват мекунад.Ва ин хадафро чузъе аз ахдоф ва асолати худ мебинад.Ватандор имруз ягона ниходест,ки аз хукумати имруза, аз сиёсати давлатмардони кишвар, аз ноадолатии низоми давлатдори ба таври ошкоро ва он хам аз тарафи шахсияти маълуме чун Додочони Атовулло садо буланд мекунад.

Дар идомаи  ин мурочиатнома мехонем,ки чи гуна муаллиф Эмомали Рахмонро дар куштани чехрахое чун Ёкуб Салиму Гаффор Мирзоеву Махмуду дигархо гунахкор мехонад ва мардумро хушдор медихад то аз у химоят накунанд:

«Ману шумо барои онҳо зарур нестем. Барои эшон танҳо пулу ҳокимият зарур аст. Ҳаёти шумо барои онҳо арзише надорад. Марги шумо тем более. Баҳои ин ҳукумат-марги 200 ҳазор нафар. Ки он шуҳадои гулгункафанро ёд мекунад? Ҳамин ҳукумати Раҳмон!? Фарзандони афроде, ки барои Раҳмон ҷонашонро нисор карданд, имрӯз дар кадом ҳолат зист доранд? Ин лаънаткардаи Худову халқи Худой-Раҳмонро Ёқуб Салиму Ғаффор Мирзо, Маҳмуд Худойбердиву ғайраҳои дигар ҷонашонро ба гарав монда ҳимоят карданд. Бузбон бо эшон чӣ кард? Акнун ин афрод куҷоянд? Ку нафароне, ки ба савганди бардурӯғи Раҳмон бовар карданду ба созишномаи сулҳ имзо монданд?

Ин говсират ҳамаи эшонро кушт, зиндонӣ кард, бадарға сохт. Шумоён низ эй ҷангиён дар хотир дошта бошед, ки имрӯз Раҳмонро ҳимоят мекунед, аммо қисмату сарнавишти Ғаффору Ёқуб шуморо мунтазир аст. Зеро хилқату хислати ин Каждум чунин аст.»

Хамватанони азиз, инчо ба навиштани худ иктифо мебахшам ва шуморо даъват мекунам то худ мехмони пойгохи сабз (Ватандор) гардед ва бо ду чашми сар бубинед ва бихонед,ки Д.Атовуллох чи мегуяд.!

Post a comment or leave a trackback: Trackback URL.

Комментарии

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: