Ватандори беватан


Дируз, дар холе, ки доштам ба сахфаи як рузнома чашм медухтам, иттифокан боди андешаам ба суи оламе маро рохнамои кард,ки дар он фосилахо аз беватании иддае сахт гиристам, оре гиристам, гиряи талху сард, гиря барои миллати парокандаам, гиря барои миллати дур аз огуши ватан дар гурбатам.Аммо чи сахт аст гиря кардани одаме ва он хам дар хилвати танхои! Як замоне буд, ки дар олами шабакаи чахонии Интернет пойгохе арзи хасти карда буд,ки хамадам иддаои ватандори мекард ва номи худро гузошт ВАТАНДОР бо ин хадаф, ки

ин миллати парокандаву парешонро гирди хам оварад. Ватандор аз зовияе харф мезад,ки макбули имруз буд  аз камбудихо, фиребхо, ришвахо, дуздихо ва нихоят аз беадолатихои хукумати имрузаи кишвари Рахмон ва аз фишангбадастони хукумати харф мезад. Дигар хаста шуда буд аз бадахонобгирхо аз аз нодидагирихо.Ва дар як муддати кутох доираи хаводорони хешро фузун кард ва сухане мегуфт аз дили мардум ва он билофосила осон мерафт ба гуши мардум. Харчанд,ки дар авоили огози фаолияти худ иддае ин пойгохро мансуб ба Додочони Аттовуллох медонистанд ва уро дар ба хам рехтани сулху субот дар кишвар дар дубора такрор шудани солхои хунини чанг мукассир мешумориданд, аммо ин чи тафовуте дорад,ки менависаду ки мегуяд.Ман ба унвони як нафар хоннадаи хамон пойгох харгиз руи ин самт наандешидаам.Ва ман аз руи ин гуфтор, ки мангар ки ки мегуяд, бингар ки чи мегуяд диду бинишамро руи ин навиштахои пойгох рехтам. Ватандор тавонист мавкеь, дид ва биниши аксар одамонро иваз намояд ва онхоро суи водии Хакикату Адолату Садокату Шучоат хидоят кунад.Ватандор тавонист мушти обдори рустамона ба гулуи фишангбадастони давр бизанад.Дар холе ки миллати бечораи овора хамчун луъбатакони луъбатбози давр карор мегирифтанд,Ватандор сар буланд кард ва даст бар калам оварда бар алайхи ин ситамкорон икдом намуд.Пойгохи Ватандор вокеан майдони хама ватандорони беватан буд ва хатто аксар беватанони ватангумкардаро бар суи хеш хонд.

Аммо он чи ки маро боз ба бешаи андешахо мебарад хамоно ба таври ногахон боз  мондани калами навишти ин Ватандор аст,ки замоне бо зури калам андешаи озоди ва беддориро дар миллат эчод карда буд.Ба у чи шуда,ки дигар хомуш аст ва садое аз худ намебарорад, на садое ва на нишоне.Пушти сахфаи Ватандор, ки меистод ва чи касе буд,ки масъулияти гузоштани он хама маколотро бар душ дошт, аммо имруз ногахон коим шуд. Ватандор,ки дар чандин маколоти хеш аз далерию нотарсии худ мушт бар сина мезад ва миллатро хамвора барои озодихои даьват менамуд, имруз чаро хомуш шуда ва акибниши мкеунад?Дар холе,ки пайваста аз миллати хеш даьват менамуд то ба у бипайванданд,дар холе,ки хамаро суи ороми,субот, сулх, иттиход, вахдат ва суи Ватандори мехонд,имруз худ дар миёна нест,уро чи шуда?

Ватандори азиз, дерест,ки дари худро ба руи хаводорони сухани хак бастааст.Аммо оё ватандори чунин аст,ки замоне бо шуру валвала ва хаёхуи созанда сар аз болини хоб бардошта хама миллатро  барои бедори ва озоди ва рахёбиву рохёиби рохнамун буд, аммо имруз мучиб чи шуда,ки ба таври ногахони хузури хешро дарег медорад?

Ватандори азиз биё аз мо барои мо бигу ва аз камбудихову хиёнатхои замона ошкоро сухан бикун.Биё ки омаданат омадани офтоб ва рушнои ба хонахои сарду тира аст.Биё,ки омаданат омадани буи бахори Адолат аст.

Ман аминам,ки Ватандор хатман меояд ва моро бо худ ба сарзамини АДОЛАТУ САДОКАТУ ХАКИКАТУ ШУЧОАТ хидоят мекунад.Бо умеди ручуи ВАТАНДОР!

Post a comment or leave a trackback: Trackback URL.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: