Дар орзуи сулх


Чи сахт аст, барои раштихо ки наметавонанд озодона дар кучаву хиёбонхои махалли хеш имрузхо гом бардоранд. Чи сахт аст барои модарони рашти, ки аз марги фарзандони рафтаи худ хун мегирянд ва чи сахт аст, ки окибат аз ин холат иддае хонабадушу зиндачудо бишаванд. Ва чи дахшатовар аст барои кулли чомеаи кишвари азизи ман дар чунин холат будан ва шохиди кушташудани даххо тан аз миллати худ шудан…

Кишвари ман ки холо дар гирдоби нооримихо ва хамлахои мусаллахонаву бесуботихо дар холи гарк шудан аст, чи гуна метавонад ин холат калби садхо мани ба ёди у тапидаро ором гузорад. Кишвари ман,ки холо дар хамин натичаи хамлахои теруристи шохиди ба хок супурдани чандин нафар аз сарбозони худ гаштааст, чи гуна метавонад  садхо манеро бо ин хама ташвишхо ва гирифторихо бетараф гузорад. Аз фавти чандин нафар чавони гурамарг,ки хануз як гуле аз сад гули умрашон ношукуфта аст чомеаи кишвари азизамро сахт андухгину мотамзада кардааст. Магар аз ёд бурдаанд он солхои мудхишу хунину нангину бародаркуши 5 соларо, ки чандин хазор модару фарзандро аз хам чудо кард,чандин хазор одамро овораву саргардон ва окибат ба куи хичрат андохт. Магар аз ёд бурдаанд ки чи гуна модари точик аз фироку аздастдодани чигарбандонаш хун мегирист ва хануз доги он рузхо дар пирохани хотироташ зудуда нашудааст,ки ин бор ин сулху суботи ба мушкили ба дастовардаро аз мо мерабоянд ин сулхрабоён! Магар осон аст тасаввур кардани ин холат, ки модар фарзандашро бо умеди хидмат ба ватан ба сафи артиш мегуселонад ва ба чои ин,ки уро пас аз адои хидмат бо чехраи кушодаву хандон пешвоз гирад, тобути уро мебинад? Чи сахт аст ва чи андуховар барои модари фарзандаздастдода!

Магар сахт нест барои кулли чомеаи кишвар,ки хануз захми он солхои чанги шахрвандиро дар руху чисми хеш эхсос мекунад ва бо мушкили ва хуни дилу дида сулху суботро ба даст оварда аст, боз  дубора гаркоби дарёи нооромихо бишавад? Магар сахт нест ки пас аз хисороти хангуфти иктисоди ва рабудани хазорхо тан аз хамватанони фарзонаву чехрахои шинохта, ки чанги панчсола ба сари мо оварда буд, боз шохиди ин даргирихо бишавем. Имруз модари точикро ва умуман кулли чомеаи кишвари ташнаи сулхро ин хама нигарон кардааст. Имруз мебинем, ки чи макомоти кудрати ва чи ниходхои иттилоьрасони хама ангушти ишорат ба суи фармондехи  саркаши нирухои мухолифини пешин- Мулло Абдулло ё каси дигар мекунанд ва ишонро гуи дар матрах намудани чунин барномаи бахамрезии сулху субот дар кишвар мукассир мехисобанд. Ин хакро шояд ба ишон дод,аммо он чи ки бояд макомоти кудратии кишвар ва хама ниходхои сиёсии марбута анчом бидиханд ин аст, ки харчи зудтар оташи ин нооромихоро дар махалли ин ходисахо- Водии Рашт фуру бубаранд ва нагзоранд, ки  решаи ин нооромихо ба замини соири манотики кишвар рох ёбад. Мутамин хастам, ки агар давлати Точикистон каме талош бикунад бидуни тардид рохи чунин хамлахои маргборро мегирад аммо кучактарин таьхир метавонад кишварро ба куи нооромихо бубарад, ки аз ин паёмадхо бояд андеша кард.

Хамин холо ва хамин шабу руз мардуми ин буму марз хеч чиз чуз Сулх намехоханд ва хеч чиз арзишноктару гаронмоятар аз ин неьмат нест барои онхо.Пас аз даргохи худованди хаждаххазори олам,ки офаридгори сулху субот дар чомеаи чахонист илтичо мекунем то барои ин миллати чангдида сулху суботро арзони дорад.

Post a comment or leave a trackback: Trackback URL.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: