Чаноби оли кахрамони ТВ-хо


Акс аз "Озоди"

Инак пас аз чанд рузе дар кишвари Точикистон руйдоди мухиму таьрихи ва фархангиро мардум чашн мегиранд.Руйдоде,ки мардумро ба оянда шояд андаке дилгарм намояд.Оре, ин чашнвора чашни 19-умин солгарди Истиклолияти кишвари азизам Точикистон аст. Кишваре, ки солхои сол аз доманаш чудоям, кишваре, ки солхои сол маро боре ёд накарда, аммо ёдаш хамеша дар калби ман чуш мезанад ва мехраш маро ба ояндаи «рузе хохам омад» гарм мекунад.
Оре,Точикистон пас аз солхои тулони дар таьрихи таьрихии юмнофари 9 септембр дар соли 1991 сохибистиклол шуд.Ва мардуми хешро зери чатри сулху осудаги фаро хонд.Садокат инчо пургуи намекунад.
Аммо як чиро мехохам арз намоям,ки вокеан мучиби норохатии баьзе чун манхо гаштааст.Бубинед хар сол тибки маьмул ва тибки хамон аньаноти «дируза» шабакахои точикистони ба таври комил ба пахши барномахои такрори ва хастакунандаи кухна мардумро саргарм мекунанд.Аз огоз то ба интихо танхо симои Чаноби Оли асту бас, «корнамоихо»,  «дастовардхо» ва «кахрамонихо»-и ишон.Ба чои ин гуна барнома оё намешавад,ки дигаргуна барномахои хуберо дар мавриди хаёти оддии мардуми дехот,ки тули ин муддат гузарондаанд, барнома тахия кард ва онро пешкаш намуд. 19 сол боз мо ба хамин такрорхо ва кухнагихо «саргарм» мешавем.Ва инак пас аз чанд рузе боз чунин «намоишхо» огоз мешаванд.Наход нашавад барномае омода ва пахш кард,ки дар мавриди хаёти 19 солаи мардуми одди хоса дехоту кухистони точик кисса кунад,онхо чи кашиданд, чи диданд, чи доштанду чи хурданд ва ба кучохо расиданд.Мо танхо ба чунин чизхо махдуд мешавем.Монанди:
Мо таьрихи чандхазорсола дорем..
Мо синову Рудакиву Фирдавси дорем..
Мо ин дорему он дорем..
Охир магар дигар кор надорем,ки танхо бо чунин ангор шиорхо саргарм мешавем? Ин дуруст аст,ки мо ин дорему он дорем, аммо инро набояд такрор ба такрор гуфт, бояд аз амалхо гуфт аз дастовардхо ва аз дастдоданхо.Ана аз хамин фахркунихоямон буд,ки дасти иктисодиёти кишварро шикастем, аз хамин фахркунихоямон буд,ки кишварро барои дарёфти ризку рузи тарк кардем ва нихоят аз кулли ташкилоту созмонхои бонуфуз маблагхои хангуфт вом гирифтем ва тули ин 19 сол онхоро ба шикам бурдем ва хадди акал бехбудие ба чомеа набахшидем.Манзур корхонахову дигар иншооти мухим барои чомеа аст.Мо дар иваз ба чои бустонсарову мехмонхонахо метавонистем дигар иншооти мухимро ба чомеа пешкаш намоем,ки накардем.камбудихо зиёд аст,аммо ин хама дард ба ки гуям.Шукронаи хамин сомонахо ва хамин фазо ва хамин нафас.
Мустакил бошед азизон.

Post a comment or leave a trackback: Trackback URL.

Комментарии

  • Шарофиддин Зухуров  On 7 сентября, 2010 at 4:07 дп

    salom Sadokati aziz!
    Imruz vokean in mushkil mavjud ast va fikr namekunam to solhoi anzdik on bartaraf bishavad, chun boyad iktisodiyot rushd kunad, numu’; kunad, on vakt shoyad umed ba behbudi bast.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: