Monthly Archives: Сентябрь 2010

Ватандори беватан


Дируз, дар холе, ки доштам ба сахфаи як рузнома чашм медухтам, иттифокан боди андешаам ба суи оламе маро рохнамои кард,ки дар он фосилахо аз беватании иддае сахт гиристам, оре гиристам, гиряи талху сард, гиря барои миллати парокандаам, гиря барои миллати дур аз огуши ватан дар гурбатам.Аммо чи сахт аст гиря кардани одаме ва он хам дар хилвати танхои! Як замоне буд, ки дар олами шабакаи чахонии Интернет пойгохе арзи хасти карда буд,ки хамадам иддаои ватандори мекард ва номи худро гузошт ВАТАНДОР бо ин хадаф, ки Читать далее

Дар орзуи сулх


Чи сахт аст, барои раштихо ки наметавонанд озодона дар кучаву хиёбонхои махалли хеш имрузхо гом бардоранд. Чи сахт аст барои модарони рашти, ки аз марги фарзандони рафтаи худ хун мегирянд ва чи сахт аст, ки окибат аз ин холат иддае хонабадушу зиндачудо бишаванд. Ва чи дахшатовар аст барои кулли чомеаи кишвари азизи ман дар чунин холат будан ва шохиди кушташудани даххо тан аз миллати худ шудан… Читать далее

Чаноби оли кахрамони ТВ-хо


Акс аз "Озоди"

Инак пас аз чанд рузе дар кишвари Точикистон руйдоди мухиму таьрихи ва фархангиро мардум чашн мегиранд.Руйдоде,ки мардумро ба оянда шояд андаке дилгарм намояд.Оре, ин чашнвора чашни 19-умин солгарди Истиклолияти кишвари азизам Точикистон аст. Кишваре, ки солхои сол аз доманаш чудоям, кишваре, ки солхои сол маро боре ёд накарда, аммо ёдаш хамеша дар калби ман чуш мезанад ва мехраш маро ба ояндаи «рузе хохам омад» гарм мекунад. Читать далее