Хамсояи бадсоя


Хашмамро наор ва гар на...

Хамсоя ба хакки худo баробар.Шояд хама он хомушиву об дар дахонгирихои мо руи хамин гуфтор аст.Шояд хамин гуфтор аст,ки аслан моро аз ки буданамон нигох медорад.Шояд хамин гуфтор буд, ки Бухорову Самаркандро бо ду дасти адаб тахвилашон кардем.Шояд агар ин гуфтор намебуд, холо фосилахо тулони буданд,манзурам, фосилахои диплумоти ва стротежи.Дар ин колаб то кай мебояд зист, то кай мутеьи завлонахои сукутем ва то кай мо хомушем дар холе,ки хамсояи ба хакки худ баробари мо Узбакистон ало рагми мо садо мебарорад ва бар мову хонаи мо фишор меорад?Таьрих гувох аст,ки дар хеч замоне ин кишвари узбак харгиз шарику чураи Точикистон набудааст,на дар сиёсат,на дар дигар умури стротежии давлатдори.Чаро бояд ба худ ичозат бидихем,ки миллату кишвари вокеан ачнаби бар мо ситам раво бубинад.Аз чунин дашти кавири хамсояи узбак харгиз сояе надидааст мардуми точик.Узбекистон хеч гох нахоста,ки хамсояаш Точикисотн сабз бошад,нумуь кунад,руш ёбад.Ин хама хасодат нокифоя буд,ки боз сохтмони НБО «Рогун» шуруь ба кор кард,ки оташи хасодати аз ин хам мавчудаи узбакро боз хам оташноку рушантар кард.Имруз Рогун дар кишвари Точикистон ба нишоне аз нангу номусу вичдони ватандории хар як точик унвон мешавад. Ва хама андар талоши сахим будан дар ин иншооти мухиманд.Дар холе,ки хама хадамоти иттилоотрасони ва хама шабакахои ахбории ин кишвар аз Рогун харф мезананд,дар холе,ки мудасаддиёни ин шабакахо барномахо аз тарафдории мардум бахри сахмгузори дар Рогунро ба намоиш мегузоранд,… ин хамаро узбак чашми дидан надорад.Ин хамсояи бадсоя харгиз шод нахохад шуд аз дастёбии Точикистон ба баргу рушнои ва рахо шуданаш аз бунбасти энергетики.Кош ба чои ин хамсоя Ирон ё Туркиё ё Миср хамсархаду хамсояи Точиксиотн мебуд,кош ба чои ин узбакхо,ки кисмати шимоли кишварро сарозер кардаанд,миллате аз Мисру аз Ирон мебуд.!
Дируз ва имруз Узбакистон одобу русуми хамсоядориро фаромуш карда ва онро мебояд аз нав омузонд.
Дар шимоли кишвар садхо узбакхо истикомат меккунанд ва ин хам дар хамин холест,ки касе ба онхо фишор намеорад.Садокат чунин гумон (андеша, пиндор на)мекунад,ки ин хама хасодати ба истилох давлатии узбак ба точик аст.Бояд коре кард ва илло рузе нарасад,ки аз рафтани Хучанд низ гила кунем.

Post a comment or leave a trackback: Trackback URL.

Комментарии

  • Набиюллохи Суннати  On 23 марта, 2010 at 10:12 дп

    Матлаби хуб, аммо… Хамсоя ба хакки худ (на ба хакки Худо)! баробар.

  • Akmaljon  On 24 марта, 2010 at 2:28 дп

    Салом ба Садокат!
    Хакикатан Узбакистон шарики боэьтимоди мо набуда ва нашуда ва нест.Дуруст таькид шуда,ки Узбакистон нисбати дигар хамсояхо аз хасудтарин хамсояхои мо махсуб меёбад,ки вактхои ахир ин мавчи хасодат ба як маром идома меёбад.

  • Sharofidiini Ziyovaddin  On 24 марта, 2010 at 2:41 дп

    Harruz tariki rasonahoi tojiki va rusi mekhonam,ki az munosiboti Uzbakistonu Tojikiston ba shiddat harf mezanand.Vokean,man ki dar garibi dur az Vatan zindaki mekunam, in munosiboti du kishvarro dida sakht nigaron meshavam.
    Bisyore az usbakhoro medonam,ki chun man muhochirandu dar garibi umr ba sar mebarand,lekin onhoro nametavonam bad guyanm,onho chun mo bori gurbat dorand va bore az yak dusti uzbakam suol kardam,ki charo davlati shumo nisbati davlati mo hamesha bad ast,meguyad dustam,ki in hama badiho az siyosati hamsoyadorii kishvaramon ast,in badiho dar sathi hukumati ast, mo mardumon kore ba shumovu davlati shumo nadorem.
    Vokean chunin ast?

    • Садокат  On 24 марта, 2010 at 2:47 дп

      Бародар Шарофиддин.
      Аввалан ба Шумо табрик мекунам,ки бо дарки дарёфти кути лоямут часорати дар куи хичрат зистанро доред,сониян ахсант мехонам,ки нисбати миллату кишвари худ бетараф нестед.Хамон тур,ки фармудаед,ин давлати Узбак хаст,ки бо мо сари ошнои надорад,гумон мекунам,кор аз боло хароб аст ва мардуми одди хеч чурме надорад.
      Саломат бошед.

  • Исфандиёр  On 24 марта, 2010 at 2:55 дп

    Ахиран Узбекистон монеи вуруди вагонхои ба Точикиситон меомада шудааст.Оё ба назари Шумо рохе мавчуд аст дар мубориза бар ин амалхои давлати Узбакистон?

  • Akbar  On 28 марта, 2010 at 2:56 дп

    Hasudtarin hamsoyai mo Uzbakiston ast.

  • Sattor  On 28 марта, 2010 at 2:59 дп

    Бояд бар алайхи душманон ва хасудон Рогунро бисозем, Бояд бар мукобили хама зидиятхо Рогунро бисозем.Бояд нагузорем,ки кишвари хурде чун Узбекистон моро фишор оварад.Бояд нишон дихем,ки мо вокеан точикони шучоему далерему нотарсему….

  • БОНУ  On 19 августа, 2010 at 5:41 пп

    Осиё банавбат аст. Парвардигор нисбати муносибати узбекон аа тарафи дигар чавоб ва азият дода истодааст. ЯГон амали бад бе чавоб намемонад, имруза хаёт хеч, бояд дар бораи оянда фикр кунем. Хайфо, ки рохбарони олимакоми Узбекистон инро дарк намекунанд. Мо ба хар рох ин неругохро месозем, мехоханд онон ё не, мардум бо пулу моли худ онро то охир мерасонад. Лекин «некихои» кардаи онхо аз дил наравад. Рузе мешавад, ки мо бар холи рохбарони узбек (мардуми одди ягон айбе надоранд) механдем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: