Унвонгузорихои сол


Ин парчамро бояд эхтиром кард...?

Дируз хаво aбр буд.Насими шабонгохи махалли мо ором ором буи борону сардиро аз дурихо меовард.Руи мизи кории утоки аз анбухи дардхо лабрезам,бод барге аз дарахти бодомро овард.Дидани ин барг маро ба утоки андешаам бурд.Ёде кардам аз гузаштахо,гузаштахои пуч,холи ва беранг.Дидани барг мучиби ин навиштор шуд,ки дилам билофосила гуфтахои худро чунин шарх дод, дар Точикистон вактхои ахир гузоштану унвон кардани хар соле ба хукми аньана даромада аст. Бисёр наменигарем ба гузаштахо.Ба унвони мисол чун соли 2008 соли Забони точики буд.Дар давоми як сол садхо маколахо оиди корбурду ивазу тахрири истилохоти сифр точики навишта ва пажухиш гашта буд,Аммо оё ин сол (2008) тавонист хама ончиро,ки бояд мекардем,анчом дихем,оё ин сол тавонист тахаввулоте дар корбурди вожахо ва тагйири номхои аксар кучаву хиёбонхо ва рустову шахрхо бунёд кунад?Бале, шояд,аммо мо ба таври комил натавонистем холигиеро пур кунем.Танхо дар хамин сол чанд шахру манотики Точикисотн ном пирохани ном иваз карданду дигар чойхо хануз бо хамон шалвору кафши мозиянд.Соли 2009 ро чи мегуед?Соле,ки бузугдошти Имоми Аьзамаш унвон кардем.Харчанд миллати точик,ки аз табори мутамаддину фархангии форс махсуб меёбад,магар аз Абуханифа андак маьлумот дорад?Ман гумон, на балки муьтакидам,ки мардуми точик дар шинохти ин чехра очиз нестанд ва заминахои аввалине низ доранд.Тибки ковишхо ва назарсанчихои баргузорнамудаи Садокат аксар бар ин боваранд,ки ин унвонгузорихои сол танхо характери сиёси доранд ва танхо барои манфиатхои сиёси ба даст овардан асту бас.Яьне соле,ки гузашт дигар на калимае аз Имом заданду на пажухише аз у бурданду на дигар зикраш намуданд.Яьне Вазорати Фарханг ва Дин метавонист хамон ташвикоту хацасмандкунихо,хамон навиштору такопухо рочеь ба осори гаронмояи ин олими ирфониро идома бахшад,аммо чун мебинем,чунин нашуда.Ё соли 2008, бо ворид шудани нахустин рузи соли 2009 дигар на забоншиносе ва на услубшиносе ва на рузноманигоре доири ин масьла яьне ивази номхои дируза ба вожахои тозаи имруза идком нанамуд.
Аммо имсол,ки соли Маориф ва фарханги техники номгузори шудааст,бахонаи барои ба даст овардани манофеи шахсии аввалмакомхо хасту бас.Албатта ин гуна номгузорихо барои Точикстон,дар шинохти густурдатар барои чомеаи чахони хеле мусоидат мекунад,аммо кишвар кабл аз ин ки фикри имижи худро бикунад,лузум бишморад арзишхои фархангии миллати худро.Шояд имсол чунин номгузори шуда то Вазорати Маориф дар таьмини кулли дабистону муассисахои таьлими талош бикунад.Аммо таьмин гаштани хама муасисахои талимиро бо компутеру дигар технолужихои муосир баид мидонам.Аввалин коре,ки бояд дар ин сол анчом бишавад, боло бурдани хукуки муаллимону омузгорон ва онхое,ки дар хама муасисахои марбут ба омузишу парвариш хастанд,мебошад.Дуюмин коре,ки бояд бишавад,албатта таьмини хама макотиби хурду миёна ва олии кишвар бо компутеру дигар дастовардхои нави техники,инчунин китобу рохнамоихои ройгон барои хонандагон фарохам бишавад.Аммо фикр мекунам,чунин корхо бо гузашти соли 2010 ва омадани соли 2011 ба дурдастарин гушахои фаромуши гузошта мешаванд.
Шумо чи назар доред?
Оё фикр мекунед, дар чунин соле шароити муаллимону макотибхо бех мешавад? (албатта хама чонибдори бехбуди вазьи маориф аст)

Post a comment or leave a trackback: Trackback URL.

Комментарии

  • Suhrob  On 19 марта, 2010 at 8:40 дп

    Tojikisotn , magar bore baroi millati khud kushidaast?Na, Tojikisotn magar bore dar gami modari dehoti talosh kardaast? na
    Pas in unvonguzirho niz chuninand, tanho baroi manofei shahsi, tanho baroi khudi,egaist hastand hama rohbaroni mo.

  • Sharofiddin  On 19 марта, 2010 at 8:52 дп

    In davlat magar digar kore nadorad,ki tanho ba nomguzoriyu manfiatjui mashgul ast.Muallif khub zikr karda,ki pas az guzashti hamon sol, digar na az u yod mekunandu na taloshe baroi yod kardan mekunand.

  • БОНУ  On 3 июня, 2010 at 9:01 дп

    Фикри ман ин аст, ки аз тарафи давлат пул чудо шавад хам, он то мактабхои оли ва миёна рафта намерасаду дар кистахои одамони олимаком мемонад. Системаи мазкурро шикастан лозим. Ман фикр мекунам, ки хама пули аксияхои Рогун низ ба кучо мерафта бошад? Ин хама маро чун шахрванди Чумхурии азизам хеле норохат мекунад.

    • Садокат  On 28 июля, 2010 at 3:50 дп

      Хонуми азиз Бонуи мехрубон!
      Сипос туро,ки кудуми муборакатро бар остонаи хонаи ман гузошти.Вокеан дардовар аст,ки моро чунин як ниходи харобу хасуд хукмрони мекунад.Мардуми моро растохезе мебояд то бар алайхи ин хама беадолатихо, ришваситонихо, пулситонихо садо бароваранд.Ман якинам,ки рузе аз он рузхо милод хохад ёфт ва хак бар ботил пируз хохад шуд.
      Сипосгузорам

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: