Дуруд бар худованди хаждаххазори олам,ки бар хама чи биност ва дар хама чо хозиру нозир аст ва нафрин бар ононе,ки забони зокиру,дили собиру,чашми хираднигаре надоранд,ки ин хама гуна сифоту бузургиву инояти Худовандро бубинанд.
Боиси шодмонихост ва боиси ифтикхороту шарафмандихои мани кучак аст,ки дар чунин сину соле,дар чунин холате дар хол бо чанд тан аз сохибназарони заковатандеш Худованд шоистаи рафокатам дода.Рости аз ибтикори чаноби Набиюллохи Суннати коршиноси аршади точик ва хамзамон шоири хушсалека,ки банда аз мутолиагарони назми устам,ки дар муаррифии кулбаи хакиронаи банда чахд карда ва барои дустон ва алокамандони торнигорхо шиносонида аст, изхори сипос мекунам ва аз Худованди Манон металабам,ки чунин чунинхоро мудом зери чатри лутфи хеш хофиз бошад.
Ин чониб мехохам то дар чашми мардум мастур бохсаму дар калби ишон хувайдо.Сохибдилоне,ки навиштахои беарзиши маро мутолиа мекунанд, хоханд дарк кард он гуна,ки дусти азизи мо чаноби Суннати фармуда,«Мангар, ки ки мегуяд, бингар, ки чи мегӯяд».Бо ин иддао, моилам то феьлан барои муддате никоб дар чехра дошта бошам,аммо ин далел бар эхсоси тахдиду хушунатхо нест, ин далел бар тарсу харосу заифи нест.Ин шояд фурсате барои дарёфтани худии ман аст.Талош хохам кард то дар ин чустор ва дар ин масир хешро дарёбам.
Ба хама дустонам аз чумла чаноби Суннати ва Фирдавси Аьзами чавон,ки аз аввалинхо шуда сомонаи мароба дустон шиносонида аст, изхори илтифоту сипос мекунам.
Феьлан оне,ки моро чунин фурсати дусти дода,нигахбони хамаи мо бод!
-
Нависанда
-
Сандуки навиштахо
-
Пойгох
-
Рузхои ман
-
Гуфтанихо
Radioi Ozodi к записи Милоди «Уструшана» Садокат к записи Милоди «Уструшана» Botur Kosimi к записи Милоди «Уструшана» маҳдӣ к записи Милоди «Уструшана» маҳдӣ к записи Конуни руи «когаз» -… Аслиддин к записи Конуни руи «когаз» -… Khonanda к записи Конуни руи «когаз» -… مهدی к записи Зимистони гарми Тоҷикистон ва… Sohibyor к записи Зимистони гарми Тоҷикистон ва… Khonanda к записи Зимистони гарми Тоҷикистон ва… مهدی к записи Ручуи Ватандор Шарофиддин Зухуров к записи Чаноби оли кахрамони ТВ-х… БОНУ к записи Хамсояи бадсоя Садокат к записи Унвонгузорихои сол БОНУ к записи Унвонгузорихои сол -
Навнавиштахо
-
Blogroll
-
Занчирахо
-
Омадахо
- 10 913 hits
-
Пардахо
-
Кисмхо
-
Flickr Photos
-
Кофтуков
-
Популярное