Ноодамодамон


Сиёсат! Вожаи макбул аст,аммо андаруни ниходу ботини ин вожа чихо мавчуд аст!Имруз сиёсати кадом аз давлатхо дархуру кобили тахаммул аст? Ирон бо ин,ки як кишвари вокеан бузург аст (аз лихози фарханг,маьнавиёт,)аммо гуфтан душвор аст,ки аз лихози муросои сиёси давлате бошад макбул!На, садокат чунин фикр надорад.Дар чомеае,ки ислом бо сиёсат омехта шуд, дар киболи Ирон,дар чомеае,ки мардум аз султони кишвар гила кард,дар чомеае,ки озоди куллан зери пой аст,дар он чомеа дар наздиктарин фурсат инкилобхо ба тадрич такрор меёбанд,инкилобхои ичтимои,сиёси,на инкилобхои калбию фикри.Инсон аз рузи офариниш озод буд ва озод ба ин дунё куч баст,рухи у озод аст,пас метавонад,ки дар бароабри чунин ситамхо барои озодии рухи у,ки онро (рухро) дар кафаси тангнои чомеа зиндон кардаанд, талош бикунад ва шуру гавго ба по занад.Имруз кам нест шумориши он кишвароне,ки раияти бечора аз дасти рохбарони хеш оху фигону гирев мекунанд.Дар кишваре чун Точикистон зиндаги чи гуна чараён дорад?Оё мардуми ин кишвар дар холи амну осуда умр пеш мебаранд.Тибки манобехои иттилоотрасони,ки хаминак дар кишвари Точикистон гирдихамоии сиёсии аввалмакомхо дар чалби фуруши сахмияхо барои «Рогун» ба шахравндони одди ин кишвар чараён дорад,аксар мардуми рустонишин гила дорад,ки ишонро сахт водор мекунанд дар хариди ин «когаз».Аммо магар падари Точикистон огох нест,ки фарзандонаш ахли нодоранд ва имруз дар кучаву чоддахои сарду касифи мамолики бегона дар пайи як бурда нони хушк рузхоро ба шом мебаранд?Оё ишон вокиф нестанд,ки зиндагии як хонаводаи дех чи гуна мегузарад.Иттифокан , хама чиро медонанд ин одамони ноодам.
Мехохам, аз ту хонандаи азиз даьват кунам, то назаратро , хатто агар як вожа хам бошад инчо бинавис то дили ранчури маро мамнун гардони.

Post a comment or leave a trackback: Trackback URL.

Комментарии

  • Фирдавси Аъзам  On 17 марта, 2010 at 7:53 дп

    Дар фазои хабаррасонии сомонахо таваллуди боз як тифлаки чадидро шодбош мегуям.Умедворам,ки чаноби Садокат аз содикони мо хоханд буд.
    Тавфик рафик бод.
    Бо эхтиром
    Фирдавси Аьзам

    • Садокат  On 17 марта, 2010 at 8:05 дп

      Мехмони лоики Садокат!
      Ту низ хуш омади ба хонаам,чи шоирона сухан мекуни!
      Поянда бош!
      Садои Садокат!

Оставьте комментарий