Daily Archives: 17 марта, 2010

Ноодамодамон


Сиёсат! Вожаи макбул аст,аммо андаруни ниходу ботини ин вожа чихо мавчуд аст!Имруз сиёсати кадом аз давлатхо дархуру кобили тахаммул аст? Ирон бо ин,ки як кишвари вокеан бузург аст (аз лихози фарханг,маьнавиёт,)аммо гуфтан душвор аст,ки аз лихози муросои сиёси давлате бошад макбул!На, садокат чунин фикр надорад.Дар чомеае,ки ислом бо сиёсат омехта шуд, дар киболи Ирон,дар чомеае,ки мардум аз султони кишвар гила кард,дар чомеае,ки озоди куллан зери пой аст,дар он чомеа дар наздиктарин фурсат инкилобхо ба тадрич такрор меёбанд,инкилобхои ичтимои,сиёси,на инкилобхои калбию фикри.Инсон аз рузи офариниш озод буд ва озод ба ин дунё куч баст,рухи у озод аст,пас метавонад,ки дар бароабри чунин ситамхо барои озодии рухи у,ки онро (рухро) дар кафаси тангнои чомеа зиндон кардаанд, талош бикунад ва шуру гавго ба по занад.Имруз кам нест шумориши он кишвароне,ки раияти бечора аз дасти рохбарони хеш оху фигону гирев мекунанд Читать далее

Милоди ман…


Имруз Чахоршанбе.Таьрихи 17.03.2010.Тифле дар сарзамини дури дурхо,ончо ки на аз «ман» хабарест ва на аз «ту» дар мухити хонадони пиру кампири 70—80 солае,дар фазои холии хомушшудае чашм ба суи хак бозу воз намуд.Имруз таьрих аст ва тифли ман 1-руза аст,фардо 2-юмин рузи уро чашн мегирам,пасфардо 3-умин,фардои пасфардо 4-умин,бо хамин тарик хар рузи ин кудакро чашн мегирам,то замоне,ки бирасад ба мархилаи булуг.Ин тифл хануз кучак аст,пас аз уюбу иштибохот берун буда наметавонад.То ин,ки ба замони балогат бирасад,хеле мелагжад,меафтад,бармехезад ва боз рох меравад.Яьне зиндагияш бо чунин омаду рафтхо идома меёбад.Ин тифлро медонед чи унвонест? Читать далее

Hello world!


Welcome to WordPress.com. This is your first post. Edit or delete it and start blogging!