Monthly Archives: Март 2010

Хамсояи бадсоя


Хашмамро наор ва гар на...

Хамсоя ба хакки худo баробар.Шояд хама он хомушиву об дар дахонгирихои мо руи хамин гуфтор аст.Шояд хамин гуфтор аст,ки аслан моро аз ки буданамон нигох медорад.Шояд хамин гуфтор буд, ки Бухорову Самаркандро бо ду дасти адаб тахвилашон кардем.Шояд агар ин гуфтор намебуд, холо фосилахо тулони буданд,манзурам, фосилахои диплумоти ва стротежи.Дар ин колаб то кай мебояд зист, то кай мутеьи завлонахои сукутем ва то кай мо хомушем дар холе,ки хамсояи ба хакки худ баробари мо Узбакистон ало рагми мо садо мебарорад ва бар мову хонаи мо фишор меорад?Таьрих гувох аст,ки дар хеч замоне ин кишвари узбак харгиз шарику чураи Точикистон набудааст,на дар сиёсат,на дар дигар умури стротежии давлатдори. Читать далее

Унвонгузорихои сол


Ин парчамро бояд эхтиром кард...?

Дируз хаво aбр буд.Насими шабонгохи махалли мо ором ором буи борону сардиро аз дурихо меовард.Руи мизи кории утоки аз анбухи дардхо лабрезам,бод барге аз дарахти бодомро овард.Дидани ин барг маро ба утоки андешаам бурд.Ёде кардам аз гузаштахо,гузаштахои пуч,холи ва беранг.Дидани барг мучиби ин навиштор шуд,ки дилам билофосила гуфтахои худро чунин шарх дод, дар Точикистон вактхои ахир гузоштану унвон кардани хар соле ба хукми аньана даромада аст. Бисёр наменигарем ба гузаштахо.Ба унвони мисол чун соли 2008 соли Забони точики буд.Дар давоми як сол садхо маколахо оиди корбурду ивазу тахрири истилохоти сифр точики навишта ва пажухиш гашта буд,Аммо оё ин сол (2008) тавонист хама ончиро,ки бояд мекардем,анчом дихем,оё ин сол тавонист тахаввулоте дар корбурди вожахо ва тагйири номхои аксар кучаву хиёбонхо ва рустову шахрхо бунёд кунад?Бале, шояд,аммо мо ба таври комил натавонистем холигиеро пур кунем.Танхо дар хамин сол чанд шахру манотики Точикисотн ном пирохани ном иваз карданду дигар чойхо хануз бо хамон шалвору кафши мозиянд. Читать далее

Сипос


Сипос худоеро,ки маро барои дусти офарида..

Дуруд бар худованди хаждаххазори олам,ки бар хама чи биност ва дар хама чо хозиру нозир аст ва нафрин бар ононе,ки забони зокиру,дили собиру,чашми хираднигаре надоранд,ки ин хама гуна сифоту бузургиву инояти Худовандро бубинанд.
Боиси шодмонихост ва боиси ифтикхороту шарафмандихои мани кучак аст,ки дар чунин сину соле,дар чунин холате дар хол бо чанд тан аз сохибназарони заковатандеш Худованд шоистаи рафокатам дода.Рости аз ибтикори чаноби Набиюллохи Суннати коршиноси аршади точик ва хамзамон шоири хушсалека,ки банда аз мутолиагарони назми устам,ки дар муаррифии кулбаи хакиронаи банда чахд карда ва барои дустон ва алокамандони торнигорхо шиносонида аст, изхори сипос мекунам ва аз Худованди Манон металабам,ки чунин чунинхоро мудом зери чатри лутфи хеш хофиз бошад. Читать далее

Ноодамодамон


Сиёсат! Вожаи макбул аст,аммо андаруни ниходу ботини ин вожа чихо мавчуд аст!Имруз сиёсати кадом аз давлатхо дархуру кобили тахаммул аст? Ирон бо ин,ки як кишвари вокеан бузург аст (аз лихози фарханг,маьнавиёт,)аммо гуфтан душвор аст,ки аз лихози муросои сиёси давлате бошад макбул!На, садокат чунин фикр надорад.Дар чомеае,ки ислом бо сиёсат омехта шуд, дар киболи Ирон,дар чомеае,ки мардум аз султони кишвар гила кард,дар чомеае,ки озоди куллан зери пой аст,дар он чомеа дар наздиктарин фурсат инкилобхо ба тадрич такрор меёбанд,инкилобхои ичтимои,сиёси,на инкилобхои калбию фикри.Инсон аз рузи офариниш озод буд ва озод ба ин дунё куч баст,рухи у озод аст,пас метавонад,ки дар бароабри чунин ситамхо барои озодии рухи у,ки онро (рухро) дар кафаси тангнои чомеа зиндон кардаанд, талош бикунад ва шуру гавго ба по занад.Имруз кам нест шумориши он кишвароне,ки раияти бечора аз дасти рохбарони хеш оху фигону гирев мекунанд Читать далее

Милоди ман…


Имруз Чахоршанбе.Таьрихи 17.03.2010.Тифле дар сарзамини дури дурхо,ончо ки на аз «ман» хабарест ва на аз «ту» дар мухити хонадони пиру кампири 70—80 солае,дар фазои холии хомушшудае чашм ба суи хак бозу воз намуд.Имруз таьрих аст ва тифли ман 1-руза аст,фардо 2-юмин рузи уро чашн мегирам,пасфардо 3-умин,фардои пасфардо 4-умин,бо хамин тарик хар рузи ин кудакро чашн мегирам,то замоне,ки бирасад ба мархилаи булуг.Ин тифл хануз кучак аст,пас аз уюбу иштибохот берун буда наметавонад.То ин,ки ба замони балогат бирасад,хеле мелагжад,меафтад,бармехезад ва боз рох меравад.Яьне зиндагияш бо чунин омаду рафтхо идома меёбад.Ин тифлро медонед чи унвонест? Читать далее

Hello world!


Welcome to WordPress.com. This is your first post. Edit or delete it and start blogging!